БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ МАЪЮБОН АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ АСТ

ВОСЕЪ. Аёдати маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманди  ҷомеа яке аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кумакҳои моддӣ расонида мешавад.

Бо ин мақсад бо ташаббуси соҳибкорони саховатпешаи ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо кудакони имконияташон маҳдуди ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази Ситора”  вохӯрӣ баргузор гардида, ба онҳо як миқдор кумаки моддӣ расонида шуд.

Ҳамзамон кормандони масъули ҳизбӣ  зимни суҳбат  қайд карданд, ки ин ҳама корҳои хайр дар пайравӣ аз Пешвои миллат сарчашма гирифта,  Президенти кишвар қаблан гуфта буданд, ки ҳаргиз маъюбону бепарасторонро хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам.

Сипас,  кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур  изҳори миннатдорӣ намуда, зикр  карданд, ки  ин кӯдакон  ҳеҷ гоҳ ғамхориҳои Сардори давлатро фаромӯш нахоҳанд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg