БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

АНДЕША. Терроризм ва экстремизм дар ҳамаи шаклҳояш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид намуда, имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад ва мубориза бар зидди он дар сархати аввали аксари кишарҳои ҷаҳон қарор дорад.

Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамчун кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро дорад. Баргузории конфронсҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза ба ин вабои аср дар шаҳри Душанбе  далели гуфтаҳои болост.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки террористону экстремистон  бо истифода аз фазо  ва имконияти васеи иттилоотӣ сафҳои худро зиёд менамоянд. Ин амали ифротгароёнро  мо дар мисоли таблиғгарони “Давлати исломӣ”, Ҳизби наҳзати ислом бар аъло мебинем.

Мутаассифона, дар қатори дигар сокинони давлатҳои дунё  дар сафҳои равияҳои тундгаро ҷавонони мо ҳам  ҳастанд. Бахусус ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаи мо зери таъсири чунин созмонҳо қарор гирифта,  ба роҳи торики терроризму экстремизм мепайванданд, ки оқибати ин амалашон ба фоҷиа меанҷомад. Аксарияти ферефташудагон вақте хатои худро  фаҳмида, аз карда пушаймон мешаванд, ки дигар роҳи бозгашт надоранд.

Бояд зикр намуд, ки ягон давлати дунё бо тиру туп, аслиҳаҳои замонавӣ пеши роҳи терроризм ва экстремизмро гирифта наметавонад. Чуноне, ки таҷрибаи  мубориза ба ин вабои аср нишон медиҳад, дар  ин  самт  танҳо  ҳамоҳангии созмону ҷомеаи  кишварҳои  ҷаҳон  ва  дуруст  ба  роҳ  мондани  корҳои идиологӣ   натиҷаи  дилхоҳ  медиҳад.

Дар  кишварамон  бо  дарки  ин  ҳақиқат  солҳои  охир ҷиҳати  пешгирии  терроризму  экстремизм чорабиниҳои  зиёде  амалӣ  карда  мешавад. Мубориза  ба  зидди  терроризму экстремизм  имрӯз  вазифаи  ҳар  як  сокини  мамлакат  мебошад. Барои  пешгирии  он моро  зарур  аст,  ки корҳои  тарбиявиро  дар  оила, мактаб  ва  ҷойи кори  ҷавонон,  новобаста, ки  онҳо дар  куҷо  кор  мекунанд, дар  дохил  ё  берун  аз  кишвар  дар  муҳоҷирати  меҳнатианд,  ба  роҳ   монем.Танҳо  дар  ҳамин  сурат мо  пеши  роҳи  шомилшавии  ҷавононро  ба   гуруҳҳои  террористӣ  гирифта  метавонем.

Мунисов Қудратулло,  муҳҳақиқ,  аъзои  гуруҳи  таҳлили  назди  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg