БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

ПАНҶ. Дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Панҷ бахшида ба Рӯзи Модар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Панҷ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия бо хонандагони синфҳои болоӣ озмуни иншои беҳтарин миёни хонандагон дар мавзӯи «Модар яктост, Тоҷикистон якто!» гузаронида шуд. Инчунин, дар давоми вохӯрӣ аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки  мо дар остонаи Рӯзи Модар қарор дорем. Рӯзе, ки бори дигар аз азамату бузургии Модар сухан меравад, рӯзе, ки бо ҳамин баҳона фарзандон ба аёдати модарон мешитобанд, гулдастаҳо мебаранд, зиёфатҳо меороянд, то хотири онҳоро шод гардонанд. Бузургони мо занро фариштае медонанд, ки дар бачагӣ парастори мо, дар ҷавонӣ комбахши мо ва дар пирӣ тасалиятдеҳи мост.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg