
ФАРХОР. Бо мақсади баргузории корҳои ободонӣ дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроия оид ба баргузории амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо волонтёрони ҳизбӣ ва дигар аъзои фаъоли ҳизб дар деҳаҳои Баҳор, Аловуддин, ва Себи сурхи ноҳия ҳаршарҳои ободониро ба роҳ монданд.
Дар ин амали нек зиёда аз 200 нафар аъзои фаъоли ҳизб ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тозакунии дохил ва атрофи қабристонҳоро ба иҷро расониданд. Ҳамзмон дар ҳамаи ин деҳаҳо имомхатибон низ дар кори ҳашар иштирок доштанд. Инҷунин, дар оромгоҳҳои тозакардашуда зиёда аз 150 адад дарахтони ороишӣ шинонида шуд.