БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

110 солагии устод М. Турсунзодаро сазовор пешвоз мегирем!

ҲАМАДОНӢ. Ба муносибати дар сатҳи шоиста баргузор намудани 110-солагии қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар маҷлисгоҳи МТМУ № 14 озмуни қироати шеър аз ашъори Мирзо Турсунзода бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Москва баргузор гардид.

ТАНТАНАИ РӮЗИ ҶАВОНОН

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ дар ҳамоҳангии аъзои намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва волонтёрони ҳизбӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудан аз Рӯзи ҷавонон ва дар доираи иҷрои саривақтии нақшаи кории Кумитаи иҷроия дар маркази шаҳрак аксияи ҳизбӣ

АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ кормандони масъули ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ» ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ бо мутасаддиён ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ  суҳбат карданд.

ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!

ШАҲРИТУС. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов» бо мақсади муташаккилона доир намудани семинари дастурдиҳӣ оид ба гузаронидани амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман» гузаронида шуд.  

ҶАВОНОН - АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҶОМЕАИ МУОСИР

АНДЕША.   Вазъи  сиёсии    ҷомеа    ҳассос   буда,    нооромиҳо    ва  ҷангу   даргириҳо, ки   дар минтақаҳои    гуногун    сар мезананд,  ба дигар   кишварҳо   бетаъсир  намемонад.   Ҷавонон   ҳамчун      фаъолтарин   аъзои   ҷомеа     бештар    аз    воқеаҳои   гуногун   огоҳӣ    дошта,  кӯшиш    менамоянд  то ҷое     таъсиррасони   он  бошанд.   Чунин    кӯшишҳо    гоҳо    ҷавононро      ба роҳи   хато,   ба сарҳ

РОҲҲО - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

ШАҲРИТУС. Дар доираи  иқдоми пешгирифтаи ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “Обшорон” Набиев Қурбон, фаъолони ташкилоти ибтидоии Ватан ва саҳми соҳибкор Ашур Валӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии МДНРА “Роҳсоз”  роҳи мошингард мумфаршу аз нав таъмири босифат карда шуданд.   

ОИЛА - МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

ҶАЙҲУН. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии оила як қатор тантанаҳо дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид, ки дар он  оилаи намунавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.

ТАШВИҚИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ БОЛОӢ

ҶАЙҲУН. Бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм фурӯғи маърифат» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 – и ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ миёни хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

ҶАВОНОН - ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ҚУБОДИЁН. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ва якҷоя бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” мизи мудаввар бо мақсади таҷлили сазовори «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” доир намуда истодаанд.

БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

Н. ХУСРАВ.  Бо  мақсади  дар  сатҳи  баланд  ҷашн  гирифтани  Рӯзи  ҷавонони Ҷумҳурии  Тоҷикистон  масъулини  Кумитаи  иҷроия  дар  байни  ҷавонону  наврасони  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №  10  мусобиқаҳои  варзишию  фароғатиро  баргузор  намуданд. 

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg