ХУРОСОН. Дар Идораи барқи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат ва сардори Идораи барқи ноҳия Акрамов Диловар бо кулли аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
ХОВАЛИНГ.Дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рафти маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ санаи 16 феврали соли равон ҷиҳати то охири соли 2019 таъмин будани ҳамаи сохторҳои ҳизбии кишвар бо бинои маъмурии ҳизбӣ ироа гардид, дар саросари вилояти Хатлон сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ оғоз гашта истодаанд.
ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси ҳамин шуъба Фирӯз Пиров бо сокинони деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ гузарониданд.
ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии «Вахш»-и ҷамотаи деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бахшида ба 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
ПАНҶ. Дар толори маҷлисгоҳи Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ баргузор гардида, вобаста ба иқрори Аёмиддин Сатторов, ки роҳбари гуруҳи ҷиноятпешаи наҳзати исломӣ буд, суханронӣ карда шуд.
НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Савзаалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи итҷроия Ғафурзода Фирдавс хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
КУШОНИЁН. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Махсумобод ва Чакиҳои ҷамоати шаҳраки Бохтариён намоиши ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт.
ҚУБОДИЁН. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо барномаи
ЁВОН. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббус ва ҳидояти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маъракаи ободонию гулшинонӣ баргузор гардид.
ДӮСТӢ. Дар деҳаи Моҳи нави ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо як гурӯҳ занону духтарони деҳот суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12