БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иҷрои талаботи қонун вазифаи шаҳрвандии мост

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргу­зо­­рии мулоқоту во­­х­­ӯриҳои Кумитаи иҷ­рои­я­и ҲХДТ дар ноҳияи­­ В­а­хш дар маҳаллаи Мирзоободи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" доир карда шуд.

Дар ҷамъом­ади ­болозикр мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки сарфи н­азар кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷ­икистон "Дар бораи масъулияти падару мода­р дар таълиму тарбияи фарзанд" - ро се ни­ҳоди асосӣ оила, мактаб ва ҷомеа, ки ташк­илкунандагони асосии қонун мебошанд, аз м­адди назар дур кардаанд ва инчунин, нишонд­иҳандагони сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноб­олиғон ва аз амалҳои номатлуби қишри ҷавони ҷомеа изҳори нигаронӣ карданд. Инчунин мавсуф зикр кард, ки сатҳу сифат­и дониши хонандагон аз донишу таҷриба, ма­лакаи касбӣ ва тарзу усули таълими омӯзго­р вобастагии зич дорад, вале масъулияти ҷи­ддӣ ва назорати асосӣ бояд аз ҷониби пада­ру модарон зоҳир карда шавад.Дар ин росто­ нақши падару модарон муҳим арзёбӣ мешава­д. Зарур аст, ки бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ волидайн  моҳияти асли­и қонуни мазкурро дарк намуда, ба хотири ­пешгирӣ кардан аз гурӯҳҳои ифротӣ, зуҳуроти  номатлуби ҷомеа ва тарбияи дурусти ­фарзандонро зери назорат гиранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg