ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар маҳаллаи Мирзоободи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" доир карда шуд.
Дар ҷамъомади болозикр мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки сарфи назар кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" - ро се ниҳоди асосӣ оила, мактаб ва ҷомеа, ки ташкилкунандагони асосии қонун мебошанд, аз мадди назар дур кардаанд ва инчунин, нишондиҳандагони сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва аз амалҳои номатлуби қишри ҷавони ҷомеа изҳори нигаронӣ карданд. Инчунин мавсуф зикр кард, ки сатҳу сифати дониши хонандагон аз донишу таҷриба, малакаи касбӣ ва тарзу усули таълими омӯзгор вобастагии зич дорад, вале масъулияти ҷиддӣ ва назорати асосӣ бояд аз ҷониби падару модарон зоҳир карда шавад.Дар ин росто нақши падару модарон муҳим арзёбӣ мешавад. Зарур аст, ки бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ волидайн моҳияти аслии қонуни мазкурро дарк намуда, ба хотири пешгирӣ кардан аз гурӯҳҳои ифротӣ, зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва тарбияи дурусти фарзандонро зери назорат гиранд.