БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал дар Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» фаъолона иштирок намуда истодаанд!

А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо дастгирии фаъолону ҷонибдорони ҳизб, раиси маҳаллаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Музаффар Латипов бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади амалигардонии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳи мошингарде, ки деҳаи мазкурро бо маркази ноҳия мепайвандад ва дарозии беш аз 3 километрро дар бар мегирад,  пурра таъмир намуда истодааст.

Дар назди иштирокдорон  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯров Сунатулло оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин атрофи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуда, барои амалӣ намудани Асияи ҳизбӣ аз онҳо даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg