Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи ба номи Гоголи ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сокинони маҳал оид ба фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинӣ баргузор гардид.
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг аз рӯи ҷадвал дар деҳаи Сангрезгии ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд. Дар он мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷамолиддин Қаюмов баромад намуд.
ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадои Сайдалиев ва Фирӯз Пиров бо сокинони деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрӣ гузарониданд.
ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» мулоқот доир намуд.
ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳаи Қиблаии ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев дар мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинӣ баргузор карда шуд. Нахуст, намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби сокинони маҳалла ташкил карда шуда, сипас вобаста ба мавзӯъҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор сурат гирифт.
ПАНҶ. Санаи 8 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон дар толори муассисаи таҳсилоти умумии №2 бо кормандони корхонаву идораҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилон ва фаъолони ҳизб вохӯрӣ доир намуд.
НОРАК. Бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Қурбонова Руқия, узви КИМ ҲХДТ Казакова Умринисо ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисо дар маҳаллаи Лангари минтақаи манзилии №2-и шаҳри Норак оид ба муҳокимаи фоҷиаи даҳшатбори гурӯҳи ҷинояткорӣ ТТЭ ҲНИ ва пешгирӣ аз хавфу хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои ирфотӣ вохӯрӣ доир гардид.
МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки
Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бо сокинон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот ва чорабинии ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робитаи ҲХДТ бо маҳал дар деҳаи Баҳодурон 1-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони деҳаи мазкур бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи ба номи Лоиқ Шералии ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуда, амали ваҳшиёнаи наҳзатиёни ифротӣ дар ноҳияи Данғараро муҳокима намуданд.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12