БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Огоҳонидани мардум аз паёмадҳои гурӯҳҳои терррористию экстремистӣ

КУШОНИЁН. Вохӯрии раиси Куимтаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара бо  мардуми деҳаи Ортоди  ҷамоати шаҳраки Бохтариён доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ барои тақвият бахшидан ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифта, ҳамчунин суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии шомилшавии  шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ирфотӣ андешаронӣ намуда,  иброз дошт, ки  ин падидаи номатлуб яке аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, танҳо муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм метавонад барои решакан ва аз байн бурдани онҳо заминаи самарабахш гузорад.

Инчунин мавсуф дар идомаи суҳбат аз суханони  саркардаи  наҳзати исломӣ Аёмиддин, ки дар  амалҳои террористӣ даст дошт,  ҳарф зада, бори дигар аз мардуми худогоҳу бедордил барои  ҳифзи марзу буми кишвар, тинҷиву оромӣ даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg