БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг муаррифгари арзишҳои миллист

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Фарҳанг” ва “Мактаби мусиқӣ” хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни баргузории хониши сиёси раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Аанзурат доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ карда, моҳияти масъалаҳои номбурдаро ба дарки ҷомеа расониданд.

Инчунин,  вобаста ба хониши сиёсӣ Абдусаломзода Анзурат андешаҳои худро баён карда, қайд намуд, ки мо шахсони муттасаддӣ тибқи бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ амал карда, минбаъд низ дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи он саҳми муносиб хоҳем гузошт ва аз ҳозирин даъват намуд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ маълумоти аз хониши сиёсӣ гирифтаи худро ба аҳолӣ ба таври аниқу дуруст расонанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg