БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиёсати обро дар сатҳи маҳал амалӣ менамоем

ЁВОН. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи давлатии хоҷагии об ва беҳдошти замин»-и ноҳия  соли 2002  таъсис ёфта, имрӯзҳо 58 нафар аъзо дорад, ки аз ин шумора 8 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Ташкилоти мазкур ҳоло таҳти роҳбарии Мирзоев Ҳалимхон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақшаҳои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон саҳмгузор аст ва дар чорабиниҳои ноҳиявии ҳизбӣ иштироки фаъолона дорад.

Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар Идораи мазкур бо иштироки аҳли заҳмати ташкилот вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар самти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, баланд бардоштани фарҳангу маданияти мардум, мусоидат дар пешбурди рушди китобхонаҳои деҳот, баргузории конфронсу мизҳои мудаввар, пайравӣ аз  сиёсати хирадмандона ва созандаи ҲХДТ, хоса Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ, тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгирӣ  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебунёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризм экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ  ҲНИ, Гурӯҳи  24  андешаронӣ намуданд. Кормандони ташкилоти мазкурро ба меҳнати софдилона, самаранок ва оrилона  пеш бурдани сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати кишвар дар бахши об  ҳидоят карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg