БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба манфиати мардум аст!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолии вилоят» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуданд.

 Нахуст Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада, оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, оид ба фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл суханронӣ намуда, қайд кард, ки аз Паёми Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи соҳаи сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Инчунин, бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳоли истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона истеҳсол мешаванд аз пардохти ҳама намуди андоз озод карда шавад.

Ҳамаи ин тадбирҳои дурандешонаи Пешвои миллат ба таъмини зиндагии шостаи мардум равона шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg