БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қонуни танзим барои беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҳар як оила нақши бузург дорад

ДАНҒАРА.Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Оби Тоири ҷамоати деҳоти Лолазор хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуда, ҳамзамон қайд кард, ки риояи қонунҳои миллӣ хусусан  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арафаи иду маросимҳо ва дигар ҳолатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намудааст, вазифаи ҳар яки мост. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонститутсияи амалкунанда, давлати ҳуқуқбунёд буда, вазифааш бунёди ҷомеаи адолатпеша ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аст ва маҳз риояи қонуни мазкур барои беҳбудӣ  бахшидан ба сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҳар як оила нақши бузург дорад.

Аз ин лиҳоз аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ даст назада, аз чунин амалҳо пешгирӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg