БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият зиндагии озод ва осудаи ҳар яки мост!

Ҷ.БАЛХӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо бо сокинони маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии ҷамоати деҳоти Ҳалевард вохӯрӣ гузаронид.

Зимнан Алиев Зафар дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар бораи фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Ҳамчунин, масъулин дар бораи фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл суханронӣ карданд.

Дар охир ба маҳсули дасти ҳунармандони маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуда қайд карданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар яки мо зиндагии озод ва осуда овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg