БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиҳатии аҳолӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тандурустии вилоят» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки  дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуданд.

Нахуст НаҷидуллоевТавакал  ба сухан баромада, дар назди ҷамъомадагон оид ба баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ  суханронӣ намуда, қайд кард, ки пешгирӣ аз табобат беҳтар аст, - гуфтаанд. Агар ҳар яки мо чораҳои пешгирии гирифтор нашудан ба бемориҳои сирояткунандаро сари вақт андешем, сафи гирифторони бемориҳои сироятӣ ба маротиб кам мешавад. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бошад, имкон фароҳам меорад, ки мо ҳама вақт на танҳо аз бемориҳои сироятӣ, балки аз ҳамаи намуди бемориҳо эмин бошем.

Сипас, дар идома оид ба истиқболи  ҷашни 27-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда иброз дошт, ки мо бояд дар якҷоягӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни истиқлолият кӯшиш намуда ин ҷашни барои миллати мо пурарзишро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg