БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ба рушди иҷтимоӣ афзалият медиҳад

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва Фирўз Пиров дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо ва хонишҳои сиёсӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо аъзои ҳизб ва кормандони ташкилоти ибтидоии «Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоии ноҳия» хониши сиёсӣ гузарониданд.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ котиби ташкиоти ибтидоии ҳизбии «Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ»-и ноҳия Маҳмадов Суҳроб дар бораи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”-ро тавзеҳот  дод.

Баъдан Гадоӣ Сайдалиев бошад дар баромадаш дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» андешаронӣ карда, афзуд, ки  мо мардуми сарбаланди тоҷик ба қадри  ташаббусу  иқдомҳои  ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, ҳар як қатра оби мусаффои  ҷонбахши Ватанро  сарфаҷӯёна истифода барем ва маблағи хизматрасониро сари вақт ва бе мамоният пардохт намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg