ЁВОН. Чанде қабл тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва хонишҳои сиёсӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли робита бо маҳал ва роҳандозии Аксияҳои ҳизбӣ дар деҳаи Оби Мукии ҷамоати деҳоти Обшорон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Оби нуқра” ташкил ва баргузор гардид. Ташкилоти ибтидоии “Оби нуқра” дар шашмоҳаи якуми соли равон тавассути баргузории вохӯрӣ ва бо интихоби бештари аҳолии деҳаи Оби Мукӣ ташкил гардида буд.
Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.
Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.