АНДЕША. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун солҳои пешин дар саросари мамлакат ва берун аз он, миёни мардум таваҷҷуҳи хоса пайдо кардааст. Зеро дар ин санади комилан созандаю тақдирсози кишвар масъалаҳои муҳими бунёдӣ, ки ояндаи некуаҳволӣ ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистонро таъмин месозад, баррасӣ гардид.
































