АНДЕША. «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ - ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол, шукрона аз Истиқлолияти давлатӣ ва шукрона аз Пешвои ҷавонпарвари миллат менамоем, ки ба мо ҷавонон тамоми шароитҳои арзанда барои пешбурди фаъолият, дар тамоми зинаҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ фароҳам оварда шудааст. Дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси олии кишвар, ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат нисбати мо ҷавонони хуштолеъ махсусан қайд гардида, моро водор месозад, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ва баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон ва дар руҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ роҳандозӣ намудани ҷавонон, саҳми арзандаи хешро гузорем. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат дарҷ гардид, ки бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбати мо ҷавонон мебошад. Паёми Пешвои милат, барои ҳар як ҷавони худогоҳ роҳнамо ва дастури корӣ барои пешбурди фаъолияти ҳамарӯза буда, баҳри иҷрои ҳар як нуктаи он бояд камари ҳиммат баста, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Шукронаи Маҳмадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён