АНДЕША. Ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузории мамлакат Маҷлиси Олӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун барномаи мукаммалу мушаххас бо натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мамлакат арзиши гарону камназири давлатдориро дар замони муосир соҳиб мебошад. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон самтест, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бори дигар нақши ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи давлат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таъкид гардид.
Мушоҳидаи баръалои иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакат дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ва корҳои бунёдкориву созандагӣ, афзоиш ёфтани сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ, шоистаи таҳсин будани саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Ватан- Модар, хизмати содиқонаи онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, нақши бузург бозидани онҳо дар ҳимояи сарҳади давлатӣ нуқтаҳои эътимодӣ ва сипосмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш нисбати ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Ҳамзамон, дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон идомаи сиёсати мантиқӣ, дурбинона ва дар асл санҷидашудаи Роҳбарияти Олӣ ва сиёсии кишвар нисбат ба ҷавонон мебошад.
Нуктаҳои муҳими Паём ба ҳаёти мо ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи созандаи ҷавонон эътимоду боварии комил дошта, нақши ҷавононро дар пешрафти тамоми соҳаҳо ва ояндаи босуботи кишвар муассир медонад. Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат барои мо ҷавонон зимни дарёфти роҳ ба сӯи саодатмандии ҳаёт дар замони муосир ҳамчун дастурамали мукаммалу мушаххас ба ҳисоб меравад. Мо ҷавонон бо як ҷаҳон таасуроти нек аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар мавқеи худро дар тамоми соҳаҳо хуб дарк намуда, ибрози онро менамоем, ки аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олӣ ва сиёсии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо ҷонибдорӣ намуда, тамоми нерӯи созандаи худро бобати ҳифзу ҳимоя, пешрафту гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз сафарбар хоҳем кард.
КАМОЛИДДИНЗОДА Ҷомӣ Камолиддин, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара