![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210201_140503_001.jpg?itok=7T4ru7iZ)
ДАНҒАРА. Бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара маҷлиси умумии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.
Дар маҷлиси умумӣ ҳисоботи роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба фаъолияти ташкилоти мазкур дар соли 2020 шунида шуда, сипас нақшаи кории намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.
Дар охири маҷлис интихоби вакил барои иштирок дар маҷлиси умумии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон интихоб гардид.