АНДЕША. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун солҳои пешин дар саросари мамлакат ва берун аз он, миёни мардум таваҷҷуҳи хоса пайдо кардааст. Зеро дар ин санади комилан созандаю тақдирсози кишвар масъалаҳои муҳими бунёдӣ, ки ояндаи некуаҳволӣ ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистонро таъмин месозад, баррасӣ гардид. Ҳамзамон, дар партави Паём, мо аз имконият ва дастовардҳои Истиқлолияти Тоҷикистон бояд пайваста бархурдор бошем ва онро ба маҷрои созандаю пешбаранда мутобиқ ва равона гардонем. Вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон - Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя намоем ва онро азизу муқаддас донем. Ба қадри Ватан -Модар, муқаддасоти миллӣ - Истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда талош варзем.Фаҳмондани нуктаҳои Паём, масъалаҳои мактабу маориф, иҷтимоиёту фарҳанг ва самтҳои дигари баланд бардоштани сатҳи тарбияи ахлоқӣ ва маърифати мардум бахшида мешавад.
Дар ниҳоят таъкид кардан лозим аст, ки озодӣ, Истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ арзишҳои муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати миллат мебошад.
Бинобар ин, вазифаи ҳар як шахси ватандӯст аст, ки онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя намояд ва азизу пос дорад. Чуноне дар Паём Пешвои миллат ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоянд. Ман ҳамчун як соҳибкор ин ташаббусҳои пешгирифтаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ гирифта, барои пешрафту ободии кишвари азизамон саҳми худро мегузорам.
Чориқулов Қиёмиддин, соҳибкор