ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки масъулини ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ ба сухан баромада иброз намуд, ки мо ҳамасола шоҳиди Паёми Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардем ва ҳар кадом аз бандҳои ин Паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳими мамлакат, монанди илм, маорифу тандурустӣ низ равона карда шудааст. Мо шаӽрвандон бояд дар асоси нуктаӽои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон ба Маҷлиси Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон амал карда, дар рушду устувории кишвари азизи худ замина гузорем. Агар вазифа ва уӽдадориӽои шаӽрвандии худро иҷро намоем метавонем, ки дар вақти кӯтоӽи таърихӣ ба яке аз давлатӽои рушдёфта мубаддал гардему сазовори зиндагии шоиста бошем.
Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, сарфакорона истифодабарии неруи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ андешаронӣ карда шуд.