БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ТАҲКИМБАХШАНДАИ ҚАЛБҲОИ МО ҶАВОНОН

АНДЕША. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 26.01.2021 дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакилони мардумӣ дар Кохи Сомон ироа гардид, мо ҷавонони даврони истиқлолро таъкид бар он сохт, ки барои пешрафти кишвари азизамон содиқона хизмат кардан ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон хамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст. Чунки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми худ мо ҷавононро таъкид менамояд, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти худи ҷавонон мебошад. Ба хотири ҳавасмандгардонии донишҷӯён, муҳаққиқон ва аспиранту докторони ҷавон стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30% зиёд карда мешавад.

Аз ин лиҳоз Пешвои миллат дар суханронияшон бори дигар ёдовар шуданд, ки мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар пояҳои моддиву техникӣ, озмоишгоҳӣ ва кадрии муассисаҳои илмии Академияи миллӣ илмҳоро пайваста таҳким бахшида истодаем. Масъалан, агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расидааст.  Тибқи маълумотҳо ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳо академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд, вале ин хеле кам аст.

Дар  Паёми худ Пешвои миллат бори дигар мо ҷавононро таъкид намуданд, ки бояд аз омӯхтани илмҳои табитшиносию, риёзӣ сар карда ва накамтар аз ду забони хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисиро аз худ намоем. Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар шукргузорӣ аз он мекунем, ки чунин як Сарвари ғамхору меҳрубони нотакрори даврону замони хешро дорем, ки мо ҷавононро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастгирӣ намуда, барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон роҳнамоӣ менамояд.

Алиҷон Асақолов, муовини раиси КИ ХДТ дар ноҳияи Ш.Шохин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg