Н.ХУСРАВ. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар Маҷлиси Кумитаи иҷроия намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқот Ҳамидиён Илҳомҷон, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидшо Асроров иштирок ва баромад намуданд.
Дар Маҷлиси Кумитаи иҷроия 6 масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Ализода Сураё ҳисобот пешниҳод намуд. Хамчунин дар маҷлис ҳисоботи гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар соли сипаришуда шунида шуд.
Сипас, доир ба ҷамъбасти муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ андешаронӣ карда шуда, фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳаллаҳо дар татбиқи ҳадафҳои ҳизб, бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта барои андешидани чораҳои зарурӣ ба шахсони мутасаддӣ маслиҳату тавсияҳои судманд дода шуд.
Дар охир нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои соли 2021 ва ҳисоботи молиявии буҷа, воҳидҳои кории Кумитаи иҷроия барои соли 2021 тасдиқ карда шуданд.