ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи «Бобоҷон Ғафуров»-и ҷамоати шаҳраки Вахш чорабинии фарҳангию сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» доир карда шуд.






























