БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳким ва густариши дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангииТоҷикистон дар маҳал

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали  тасдиқгардида   дар  маҳаллаи  44- Чашмаи  ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо иштироки  васеъи  аъзои  ҳизб  ва сокинони  маҳалла бо мақсади сафарбар  намудани  аҳолӣ  ба  корҳои  ободонӣ, рушди  корҳои  хонагӣ, саҳмгузорӣ дар рушди  сайёҳӣ   ва  ҳунарҳои  мардумӣ, эҳё ва  тарғиби  урфу  одат ва  анъанаҳои  неки  мардумӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ  баргузор  гардид.

Чорабиниро  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  оғоз карда, қайд  намуд, ки чуноне, ки  аз  воситаҳои  ахбори  омма  ҳамаи  мо  аз  ҳодисаи  нангини  дар  ноҳияи  Данғара  ба  вуқӯъомада, ки  боиси  марги  сайёҳони  хориҷӣ  гардид  ва намоиши  телевизонии  «Бозгашт  аз ҷаҳаннам» бо  назардошти  иқрори   яке  аз  саркардагони  ТТЭ ҲНИ Аёмиддин  Сатторов огоҳ  шудем, душманони  милла, бахусус  гурӯҳи  муташаккили  ҷинояткор  бо  дастури Ташкилоти  экстремистӣ- террористии  Ҳизби  Наҳзати  Ислом  ба  амал  бароварда  шуд. 

Тоҷикистони  азизи  мо   аз  баракати   сиёсати  созандаю  бунёдкоронаи  Асосгузорои  сулҳу  ваҳдати  миллӣ,  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  ҲХДТ  муҳтарм  Эмомалӣ  Раҳмон   ба  марҳилаи  нави  тараққиёти  худ- таҳким  ва  густариши  беш  аз  пеши  дастовардҳои  сиёсиву  иқтисодӣ ва  иҷтимоиву  фарҳангӣ ва бо ин  васила  бунёди ҷомеаи  навини  воқеан  демократӣ, ҳуқуқбунёд ва  дунявӣ дохил  шудааст.   

Дар  вохӯрӣ  вакили  Маҷлиси   вакилони  халқи  ноҳия,   муовини раиси ноҳия Саидзода Бозоргул  иштирок  намуда,   қайд  кард, ки  бо  мақсади дар  амал  татбиқ  намудани супоришҳои  дар  Рӯзи  дониш   дар вохӯриашон  бо  кормандону  донишҷӯён Донишгоҳи  тиббии  Тоҷикистон  додаи Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳар  кадоми  мо заҳмати  софдилона, масъулияти  баланд ва  ташаббускориро  нишон диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg