БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар – пайвандгари наслҳо

ПАНҶ. Намоиши ҳунарҳои миллӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Турдишайхи  ҷамоати деҳоти Озодагон бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия Файзиев Каримҷон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Назаров Бахтовар, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар, мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроия Атавуллоева Зебунисо, кормандони ҷамоати деҳоти Озодагон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ Камолов Сайъазам баргузор гардид.

Пас аз дидани намоиши ҳунарҳои мардумӣ сароғоз Файзиев Каримҷон чорабиниро кушода,  иброз дошт, ки давлати соҳибистиқлоли мо пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мусибатҳои зиёдеро аз сар гузаронид. Чунин вазъи пурфоҷиа  хавфу хатари аз байн рафтани давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале муаяссар шуд, ки мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи кишварамон бо сарварии Роҳбари хирадпеша ва сулҳдӯст таҳти парчами ваҳдату ягонагии  миллат сарҷаъму муттаҳид шаванд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои таъмини боэътимоди сулҳу субот нерӯи худро равона  созанд.

Ҷолиби қайд аст, ки як гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумии маҳал ба асарҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буд.

Баъдан Камолов Сайъазам атрофи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ моҳияти  хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ  ва омили  нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кившар андешаронӣ намуд.  Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги  тарбияи ирода, ҷасорат шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавонмард  мебошад. Инчунин, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнӯъ пешниҳодҳо зикр гардиданд.

Дар идома оид  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидани мулоқоти сатҳи олии Сарони ду кишвари бо ҳам дӯст ва ҳамсоя Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки санаи 17 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, сухаронӣ  карда шуд. Зимни ин вохӯрӣ 26 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид ва ин Созишномаҳо ба рушди иқтисодии  ду давлати демократӣ мусоидат менамояд.

Чорабинӣ   бо супоридани Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ба  ташкилкунандагони он ва фаъолони маҳал  анҷом ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg