ПАНҶ. Намоиши ҳунарҳои миллӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Турдишайхи ҷамоати деҳоти Озодагон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия Файзиев Каримҷон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Назаров Бахтовар, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар, мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроия Атавуллоева Зебунисо, кормандони ҷамоати деҳоти Озодагон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ Камолов Сайъазам баргузор гардид.
Пас аз дидани намоиши ҳунарҳои мардумӣ сароғоз Файзиев Каримҷон чорабиниро кушода, иброз дошт, ки давлати соҳибистиқлоли мо пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мусибатҳои зиёдеро аз сар гузаронид. Чунин вазъи пурфоҷиа хавфу хатари аз байн рафтани давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале муаяссар шуд, ки мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи кишварамон бо сарварии Роҳбари хирадпеша ва сулҳдӯст таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат сарҷаъму муттаҳид шаванд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои таъмини боэътимоди сулҳу субот нерӯи худро равона созанд.
Ҷолиби қайд аст, ки як гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумии маҳал ба асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буд.