ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Дараи ҳавзи ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дар толори китобхонаи деҳа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Ҷамолиддин Қаюмов оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли тақвияти робита бо маҳал, самтҳоиафзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, қайд намуд, ки истиқлолият неъмати бебаҳост, ки баъди гузашти ҳазор сол ба миллати тоҷик дубора муяссар гардид. Ҳар як сокини бонангу номуси кишварро мебояд, ки барои пойдории пояҳои Истиқлолияти давлатӣ пайваста мубориза барад. Зеро ҳастанд қувваҳое, ки Истиқлолияти давлатии миллати тоҷикро чашми дидан надоранд.
Он вазифаҳое, ки барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва рушду такомули давлати тозаистиқлоли тоҷикон зарур аст, дар бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври возеҳ баён гардидааст. Иҷрои саривақт ва бо сифати самтҳои мазкур ҳаёти осоиштаи моро таъмин менамояд,-қайд намуд ӯ.
Ҷамолиддин Қаюмов ба ҳозирин зарурат ва аҳамияти сарфаю сариштакорона истифода намудани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, мақсаду мароми ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва роҳҳои мубориза ба терроризм ва экстремизм, зарар ва оқибати бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, нашъмандию нашъаҷалобӣ, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир, шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши Миллӣ, нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумиро бо овардани мисолҳои ҳаётӣ ба онҳо фаҳмонид.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 18 Искандар Бобоназаров дар баромадаш дар мавзӯъи “Сабаб ва роҳҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ” баромад намуда, сокинони деҳаро пеш аз ҳама ба ҳушёрии сиёсӣ даъват намуд.