БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳидоятҳои Пешвои миллат ба манфиати мардум аст

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Бакодараи ҷамоати деҳоти Лангардара атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир  гардид.

Вохӯриро муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Асақолов Алиҷон кушода, суханро ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин Назарзода Толибҷон дод. Мавсуф дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  иқрори  яке аз саркардагони  амалҳои террористии аъзои  ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам»  суханронӣ намуда, бори дигар  аз ҳодисаву амалҳои нопоки  ТТЭ ҲНИ  ҷамъомадагонро  ҳушдор дод.  

Баъдан вакили ҷамоати дар деҳаи Бакодараи Ҷамоати деҳоти Лангардараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Саидов Аъзамхон оид ба сиёсати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нуктаҳои асосии Паёми имсола ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  андешаронӣ карда,  сокинонро барои  ҷавобан  бо кору фаъолияти содиқона  ба  сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат саҳм гузоштан дар пешрафту  ободии Ватан маслиҳатҳои судманд дод.

Инчунин, дар ин раванд аз ҷониби масъулин моҳияи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба мардум расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg