БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вакилон аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинон дидан карданд

ЛЕВАКАНТ. Бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷиҳати ташкил намудани вохўрии машваратию дастурдиҳии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар толори Литсейи №1-и шаҳри Левакант бо роҳбарони сохторҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш ва сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбии шаҳр вохўрии судманд баргузор гардид.

Дар вохўрӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабова Латофат ва Миралиён Қиёмиддин иштирок ва суханронӣ  намуда, оид ба сару либоси миллӣ, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», волоияти қонун дар бораи истироҳат ва сайёҳат гуфта гузаштанд.

Инчунин, масъулин иброз намуданд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими  ба шуғл фаро гирифтани  аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррификунандаи  таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб  рафта, барои ривоҷу равнақ додани соҳаи басо муҳим маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар идомаи вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Саидҷаъфар  иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои  ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg