ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ дар бо маҳал ва иҷрои дастуру супоришҳо бобати баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Давад-Ҳалқаёри ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинон баргузор гардид.
Зимни мулоқот нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид дар мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал андешаронӣ намуд.
Доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вакили ҷамоат ва ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия сокини деҳаи Давад-Ҳалқаёр Давлатов Ҳамза ва раиси кумитаи маҳалла Солиев Файзидин вобаста ба хониши сиёсӣ андешаҳои худро баён карданд.
Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 100 нафар ҳунармандону кишоварзони моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил карда шуд, ки аз ин намоишгоҳ ҳамагон дидан намуданд.
Дар охир Раҷабзода Маҳмадсаид ба аҳли ҳунармандону кишоварзони деҳа барои иштироки фаъолонашон изҳори миннатдорӣ баён намуд.