А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Исмоили сомонӣ»-и деҳаи Исмоили Сомонии ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба ҷамъомадагон оид ба якҷоя ҳал намудани мушкилоти дар маҳалбуда маслиҳатҳо доданд.
Дар навбати худ сокинони деҳа бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», роҳи дохили деҳаи худро, ки ниҳоят фарсуда гашта буд, бо дастгирии аъзо, ҷонибдорони ҳизб ва соҳибкорони фаъоли маҳалла қисман мумфарш карда, тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик пурра онро аз таъмир бароранд.