ВОКУНИШ. Ман намояндаи насле мебошам, ки дар пайкари худ даҳшати ҷанги байнихудии тоҷиконро эҳсос кардаам. Соли 1992, ки ман донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб будам, бо сар задани даргириҳо худ ва хонадони худро дар зери хатари марг медидам, зеро ҳукумате набуд то ки мардумонро сарпарастӣ кунад.





























