БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони деҳаи Афардӣ рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд

ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи Афардӣ 2 ва 3-и ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер оғоз гардида,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Бӯриева Адолат сокинонро ба муносибати ин рӯзи фараҳбахш табрику муборакбод намуд. Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар назди сокинон баромад карда, атрофи аҳмияти Парчами давлатӣ ва таърихи қабули он ибрози ақида намуд. Ҳамчунин, аз сокинон даъват ба амал овард, ки ба илмомӯзӣ рӯ биоранд ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳурмату эҳтром таълиму тарбия намоянд.

Дар рафти чорабинӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумии ба маърази тамошо гузоштаи ҳунармандони деҳа, дидан карда шуда ба ҳунару истеъдоди чирадастон баҳои баланд дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 200 нафар сокинони деҳа дар тан либосҳои миллӣ ҷамъ омада, зери навои мутрибон бо болидарӯҳӣ рақсу бозӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg