БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ дар ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ нақши асосӣ дорад

ПАНҶ. Дар толори чойхонаи маҳаллаи  Ободони ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдолрони ҳизб дар маҳалла чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо намоиши хунарҳои мардумӣ гузарорнида шуд.

Чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ баргузор гардида, ки дар он муовини раиси ноҳия Шарифзода Марям, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон ва намяондаи ҷамоати деҳоти Озодагон иштирок карданд.

Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси ноҳия Шарифзода Марям баромад намуда, мақсаду мароми роҳандозии чунин ҷамъомадҳоро ба ҳамагон фаҳмонид.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримҷон Файзиев дар бораи самтҳои асосии фаъолияти ҳизб -  мубориза  бар зидди коррупсия ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди  рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибори он дар арсаи байналмилӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия   мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки мубориза бо коррупсия  на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, балки дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд бояд бетараф набошад.

Шарифзода Марям зимни суханронӣ оид ба масоили дигари мубрами рӯз мубориза зидди терроризму экстремизм андешаронӣ намуд. Аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки  ҷавононро аз ин пайомадҳои зарароварӣ замони муосир ҳифз намоянд.

Ҳамчунин иштирокдорон бо тамошои намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони маҳал ба ҳунармандон баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg