БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Тоҷикистони навин

Ш.ШОҲИН. Яке аз омилҳои  асосии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ҳифз ва пойдории  Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Орзуи соҳибватан  ва соҳибистиқлолиро  тоҷикон оғоз аз қарнҳои рустоӣ  баъди  аз давлати Сомониён  парварида,  ҳатто  дар ин роҳ ҷоннисориҳои  зиёде кардаанд. Истиқлолияти мо осон ба даст наомадааст, балқи бо хунрезиҳо, ҷонбозиҳо,  матиниродагию  сарсупурдагии  абармардони  миллат, ҳамватанони мо,ки бо худ ҳисси баланди  худогоҳию  худшиносиро доро буданд,  ноил гардидааст,ки нақши Президенти кишвар марказист.

Истиқлолиятро  соҳиб шудан ин ҳануз охири кор  нест, балки онро пуштибонӣ  ва ҳифз намудан  арзиши  муқаддас  мебошад.

Бо ин мақсад намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Доғистон» бо атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳо и фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир намуданд.

Неъматов Абдулҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттиллот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сухан баромада, дар бораи терроризму экстремизм ва пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, инчунин дар бораи солими ҷомеаи имрӯза  суханронӣ намуда, ҳамагонро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg