БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ завқи ҳунармандонро дучанд кард

ШАҲРИТУЗ. Бахшида ба ҷашнигирии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати якуми Неърӯгоҳи барқи обии Роғун ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Шаҳритуз чорабиниҳои гуногуни адабӣ-фарҳангӣ гузаронида шуд.

Яке аз чунин чорабиниҳо дар майдони Исмоили Сомонии ноҳия гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ узви Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ- Тӯйчиева Садбарг ва дигаршахсони даъватӣ иштирок доштанд.

Дар ин рӯзи фараҳ мардуми ҳунарманди ноҳия маҳсули ҳунарии  худро ба намоиш бароварда, пешкаши ҳамагон гардониданд.

Инчунин, маҳсули дасти ҳунармандони муосир, аз қабили сохтакориҳои гуногун аз мӯҳра, риштаҳои ҳарранга, қоғазу ширеш, ки ба намоиш гузошта буданд,   иштирокдорон аз ин намоишгоҳ дидан карда, ба ҳунар и волои ҳунармандон баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg