Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Пешвои миллат: Мактаб даргоҳи муқаддас аст!

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита бо маҳал бобати  баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  тибқи ҷадвали мулоқотҳо вохӯрии навбатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев  бо омӯзгорону кормандони муассиса бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир  баргузор гардид. 

Зимни вохӯрӣ Маҳмадсаид Раҷабзода доир ба самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин вобаста ба истифодадиҳии чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ    андешаронӣ намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба  суханронии раиси  Кумитаи иҷроияи   ЊХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид, омӯзгорони муассисаи номбурда Маменов Амиршо ва Ҷурақулов Саттор     андешаҳои худро баён карданд.

Дар охир иштирокчиён аз масъулин барои баргузории вохӯрии судманд миннатдорӣ баён карда, ҷонибдории хешро  аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg