БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчам нангу номуси миллат аст

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҷамъомад доир карда шуд. Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов баромад намуда, дар бораи парчамдории тоҷикон, ки то ба Коваи оҳангар рафта мерасад, маълумоти муфассал дода, қайд кард, ки халқи тоҷик бо ин рамзи давлатии худ ифтихор дорад, зеро дар он муборизаи ҳазорсолаҳои ӯ баҳри расидан ба истиқлолият ва зиндагии шоиста инъикоси худро ёфтааст.

Баъди расидан ба исиқлолияти давлатӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 Парчами нави Тоҷикистон, ки аз серанг-сурху сафеду сабз ва нишонҳо аз боигарии асосӣ-пахта, нишон аз ҳаёт ва файзу баракат-гандум, офтоб-нишон аз ҳаёти осоишта ва мамлакати офтобӣ, тоҷ-нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилият, ҳафт ситора-ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт табақаи осмон, ҳафт рӯз, китоб-нишон аз илму маориф, адабиёт ва фарҳанги ғанӣ иборат аст, тасдиқ карда шуд.

Дар суҳбат собиқадорони ҳизб А. Ғоибназаров, А. Бозоров ва чанде дигарон баромад намуда, бо ифтихори баланди ватандорӣ дар бораи Парчами Тоҷикистон, ки бо афрохтани он дар ҷамъомаду тантанаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда мешавад, сухан  гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg