БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Экстремизму терроризм вабои асранд

ҶАЙҲУН. Вобаста ба нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Омор»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Ализода Фарзона, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насимахон ва 5 нафар кормандони ташкилоти ибтидоии болозикр доир карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ Ғафорова Насимахон оид ба масъалаи ба миён гузошташуда муфассал хуханронӣ намуда, мавсуф дар рафти суханрониаш иброз намуд, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Дар фарҷом Ғафорова Насимахон таъкид намуд, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӣсту ватанпарвар, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Аз ин рӯ месазад, ки пайваста дар таълиму тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон бошем то нагузорем, ки насли ояндасози миллат фирефтаи аҷнабиён шаванд. Чунки қисмати зиёди пайравони гурӯҳҳои ифротӣ ин ҷавонони гумроҳ мебошанд, ки дар  сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ қарор гирифта, ба ҳаргуна амалҳои номатлуб даст мезананд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg