ҚУБОДИЁН. Ҳамасола сокинони кишвари азизамон ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесаброна интизорӣ мекашанд.
ВОКУНИШ. Имрӯз ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси хушбахтии мардум ва ҳамзамон рашку ҳасади хоинону бадхоҳони миллати тоҷик гардидааст. Бадхоҳони миллат дар хориҷ сараввал аз хизмати хоинон истифода бурда, онҳоро ба муқобили давлату миллаташон тарбияву маблағгузорӣ мекунанд. Хоинон низ бо мақсади рӯпуш кардани ҷиноятҳояшон шиорҳои «Ҳомии дини ислом»-у «Ҳомии демукросӣ»-ро ба худ нисбат дода мардумро гумроҳ кардан мехоҳанд.
ВОКУНИШ. Имрӯз мо ҳама шоҳиди вазъияти ноороми дунё ҳастем. Мутаасифона, бархе аз тоифаҳо динро василаи расидан ба мақсаду ҳадафҳои нопоки худ қарор додаанд ва ин ҳам барои ноором сохтани вазъи давлатҳо, шуронидани ҷомеа ва бадбахт сохтани мардум. Ягон нафар аъзои ин гуруҳи ба қавли худашон “мусалмони комил” дар бораи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, масалан ВИЧ/СПИД, ки масъалаи ахлоқист, таблиғот намебранд.
ВОКУНИШ. Таҳти ҳамин ном бо ибтикори кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия С. Саидмаҳмудов ва С.Сатторов дар китобхонаи марказии ноҳия ба аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб суҳбат доир карда шуд.
ВОКУНИШ. Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Аз ин ду вожаи муқаддас оромию фараҳ ва шодию нишот дар дили аҳли ҷомеа мефизояд. Вале гоҳҳо каме сабукандешӣ ва бепарвоӣ, метавонад сулҳи пойдор ва оромии сокинонро ба ҳам бизанад. Аз ин лиҳоз месазад, ки мову шумо аз мафкураи худ истифода намуда аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дур бошем.
ВОКУНИШ. Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дар партави роҳбарии хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад. Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чїбештар саҳмгузор бошанд.
АНДЕША. “Дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра ва инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам моро водор месозад, ки хештаншинос бошем.
ВОКУНИШ. Терроризм ва экстремизм на ба як кишвари алоҳида ва ё минтақаи муайян, балки ба тамоми сайёра ва бани башар таҳдид карда истодааст. Зеро барои ин қабил афрод хунрезиву қатлу куштор, даҳшатафканиву ҷудоиандозӣ, фитнагариву бо роҳҳои гуногун ба даст овардани манфиати муфт аз ҳама арзишҳо боло меистад. Қисме аз онҳо барои дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ дар Аврупо худашонро ақалияти ҷинсӣ ҳам муаррифӣ кардаанд.
ВОКУНИШ. Аъзои ташкилоти террористии ҲНИТ пайваста дар ҷустуҷӯйи мавзӯъҳое мебошанд, ки тавассути онҳо чанд сияҳномаи дурӯғин нисбат ба миллату давлати тоҷик бофта, дар расонаҳои интернетии ифротӣ паҳн созанд. Яке аз он мавзӯъҳо, бофтаи тахайюл, бепояю бедалели онҳо дар хусуси бастани масҷидҳо мебошад.
ВОКУНИШ. Чандест анҷумане бо ном озодандешони тоҷик, ки дар худ хоинону ҷинояткоронро муттаҳид кардааст дар фазои маҷозӣ гардиш дорад. Аз оғози пайдоишашон маълум буд, ки онҳо як гуруҳаки манфиатҷӯи аз берун идорашаванда мебошанд. Магар чунин чухтакҳоро мешавад озодандеш гуфт? Ҳаргиз!!! Агар андешаҳояшон ҳақиқатан озод бошад, чаро дар кишварҳои бегона гардиш доранду идеологияи бегонаро тарғиб мекунанд?
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12