АНДЕША. Дар адабиёти илмӣ таърифи мухталифи мафҳумҳои экстремизм ва терроризм мавҷуд аст. Доир ба ин мафҳумҳо дар таҷрибаи ҳуқуқи байналмилалӣ низ таърифи ягона дида намешавад. Ифротгароӣ ё худ экстремизм падидаи манфиест барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва иқтисодӣ. Терроризм ё худ ваҳшатафканӣ ифротгароиест, ки ба ҳадди ниҳоии худ расидааст.





























