ВАХШ. Санаи 22-юми декабри соли 2018 дар ноҳияи Вахш чорабинии фарҳангӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Сайри Вахш” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси якҷояи, раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло, раиси Кумитаи ҷироияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ва санъаткорони Бахши фарҳанги ноҳияи Фархор ташкил карда шуд.