ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МИР-32»-и ҷамоати шаҳраки Вахш бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суҳбату вохўрӣ доир карда шуд.
Дар вохўрии мазкур нахуст муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил ба сухан баромада, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дод. Баъдан мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Худойдод Ёров зимни суханронӣ қайд кард, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25% кам гардид. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо дошта, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кўдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона хизмат карда, дар рушду нумуи он саҳмгузор бошем.
Дар охир кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «МИР-32» иброз доштанд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри дар амал иҷро намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» саҳми арзанда хоҳем гузошт.