ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули он дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Истиқлол»-и ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ вохӯрӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рущди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки мақсади баргузории Аксияи ҳизбӣ сазовор ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори давлату миллат 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иштирокдорон пас аз шунидани суханрониҳои судманд моҳияти Аксияи ҳизбиро хуб дарк намуда, тасмим гирифтанд, ки дар тозаву озода намудани кӯчаву роҳравҳо, атрофи биноҳо, сангфарш намудани роҳҳои байни деҳа ва дигар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар охир иштирокдорон Аксияи ҳизбиро дастгирӣ карда, дар тозаву озода кардани гирду атрофи ташкилоти ибтидоии номбурда саҳми хешро гузоштанд.