ПАНҶ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар доираи баргузории нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба ободониву созандагӣ дар маҳал ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳаллаи 50-солагии Қушунҳои сарҳадии ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Марзбон” шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар ин рӯз хурду калони маҳал фаъолона иштирок намуда, баҳри ободӣ ва тозагии гирду атрофи хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ заҳмат кашида, бо тоза кардани ҷӯйҳои обгузар, рубучин кардани майдончаҳои варзишии кӯдакона ва баровардани партовҳо машғул шуданд.
Пас аз ба охир расидани корҳои ободонӣ манзараи зебое пеши назар меомад. Дар ҳақиқат сокинон бо ин корҳои ободониву созандагии худ баҳри амалӣ гардидани мақсаду мароми халқпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ бо садоқати самимӣ саъю талош варзида истодаанд.